Тарҳи сенаторҳои амрикоӣ барои таҳрими Эрон шикаст хӯрд
Сенаторҳои тундрави Амрико натавонистанд тарҳеро, ки барои вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон пешниҳод карда буданд, аз назари сенат бигузаронанд.
Тарҳи мазкур бонкҳои хориҷиро, ки дар заминаи нақлу интиқоли пули нафти Эрон фаъолият доранд, ҳадаф қарор дода, роҳҳоеро барои бастани шикофҳои таҳримҳои мавҷуд пешниҳод карда буд. Ин дар ҳолест, ки таҳрими нафти Эрон то кунун зиёнҳои зиёде ба иқтисоди Амрико ва дигар кишварҳои саноатӣ таҳмил кардааст. Тай иду моҳи гузашта, ки тарҳи таҳрими нафти Эрон, ки дар Иттиҳодияи Аврупо таҳти фишори Амрико ба тавсиб расида буд, қимати ҷаҳонии нафт ҳудуди 20 доллар, яъне муодили 18 дарсад афзоиш ёфтааст. Афзоиши 10 долларӣ дар қимати нафт хазинаҳои энергетикии Амрикоро 140 миллиард доллар дар соле афзоиш медиҳад.