Аз авоили даҳаи 1900, ки «Бонки марказии Амрико» ташкил гардид, доллар 90 % арзиши худро гум кардааст.
Мушовири сиёсатгузори «Бунёди ояндаи озодӣ» Ҷейсм Борд, рӯзи сешанбеи 27-уми март ба хабаргузории «pressTV» бо ишора ба нуктаҳои боло гуфтааст: «Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои хориҷӣ нисбат ба доллар беэътимодӣ зоҳир намуда, дар тиҷоратҳои байналмилалӣ аз пули Амрико рӯй гардондаанд».
Инчунин, Ҷейсм Борд афзудааст, ки бартарии доллар дар тиҷорати ҷаҳон ба манфиати сиёсатмадорони амрикоӣ буда, барои мудохилаи эшон дар умури хориҷӣ фурсате фароҳам меорад.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 60 % захоири пулии хориҷӣ дар ҷаҳон бо доллари амрикоист.