Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон субҳи имрӯз вориди Теҳрон гардид.
Дар назар аст, ки ҷаноби Эрдуғон зимни боздиди худ аз ин кишвар масъалаҳои равобити дуҷониба, бӯҳрони Сурия ва парвандаи атомии Эронро бо ҳамтои эрониаш баррасӣ намояд.Бино ба навиштаи расонаҳои хабарӣ, Рачаб Тайиб Эрдуғонро дар ин сафараш вазири хориҷа, вазири энержӣ, раиси созмони амният ва муовини раиси ситоди муштараки артиш низ ҳамроҳӣ доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Эрону Туркия нисбат ба бӯҳрони Сурия мавқеъҳои ба ҳам зид доранд.
Ёдовар мешавем, ки Туркия бо Эрон робитаҳои иқтисодии густурда дошта, ҳатто таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Эрон аз сӯйи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ натавонистанд ба муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя латма ворид кунад.