Дабири кулли САҲА аснои мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон қайд намуд, ки ҳамкории стратегӣ бояд дар оянда ҳам идома ёбад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин нишаст оид ба ҳамкории САҲА бо Афғонистон низ табодули назар сурат пазируфт.
-Ман ҳамкории стратегӣ байни Тоҷикистон ва САҲА-ро хеле муҳим мешуморам ва умед дорам, ки ин равобит дар оянда дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва дар асоси муколама, якдигарфаҳмӣ ва эътимод инкишоф меёбад, - иброз дошт Ламберто Занниер.
Ҳамзамон, дабири кулли САҲА дар вохӯрии худ бо президенти ҶТ масъалаи татбиқи Қарори Шӯрои Вазирони корҳои хориҷӣ аз соли 2011 оид ба масъалаи тақвият бахшидан ба ҳамкории САҲА бо Афғонистонро муҳокима намуд. «Дастгирии Тоҷикистон ва иштироки мустақими кишвар дар татбиқи ин Қарор барои муваффақ гардидани он нақши асосиро мебозад» - таъкид намуд ӯ.
Ҳамкорӣ оид ба идоракунии сарҳадро мавриди таъкид қарор дода, Занниер чунин иброз дошт: «САҲА омода аст фаъолиятҳоеро, ки ба баланд бардоштани зарфияти сарҳадчиён баҳри таъмини бехатарӣ дар сарҳади тӯлкашидаи Тоҷикистон бо Афғонистон, махсусан бо таваҷҷӯҳ ба марҳилаи ояндаи гузариши Афғонистон нигаронида шудаанд, густариш диҳад»
Маврид ба ёдоварист, сафари расмии серӯзаи Дабири кулли САҲА ба Тоҷикистон 26 март оғоз ёфт. Ламберто Занниер аснои боздиди худ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов вохӯрӣ доир намуд ва дар Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон иштирок кард. Интизор меравад, фардо ӯ бо Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад.