Ҳамчунин, барои роҳбарӣ ва назорат аз фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳайати комиссияи вилоятӣ тасдиқ карда шуд, ки даъвати шаҳрвандонро мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Тибқи қарори мазкур Раёсати корҳои дохилии вилоят вазифадор гардидааст, ки ба комиссириатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Суғд мутобиқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ барои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ёрии амалӣ расонида, нисбати ашхосе, ки аз даъват саркашӣ мекунанд, тибқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтуковӣ гузаронида, барои боздошт ва ба нуқтаҳои даъват ҳозир шудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар ҳамин ҳол, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, идораи телевизион ва радиои вилояту рӯзномаҳои вилоятӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни даъвати баҳорӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавононро дар байни аҳолӣ васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.