Зимни ин ҷорабиниҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони ҷашнвора омодагии ҳамаҷониба дида, ба қавле аз гул пойандоз густурда буд.
Манбаъ афзуд, кормандони фурудгоҳ бо либоси идонаи расмӣ меҳмононро пешвоз мегирифтанд. Масъулини хадамоти амнияти авиатсионӣ, хизматрасониҳои рӯизаминӣ, муҳандисӣ-авиатсионӣ, аэровокзал, аэродром ва дигарҳо кӯшиданд то ба ҳавопаймоҳо ва меҳмонон хизмати хуб расонанд.Зимни гусели меҳмонон низ кормандони фурудгоҳ кӯшиданд, то меҳмонон бо таассуроти неки бардошта ба кишварҳои худ баргарданд.
Гуфтанист, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар қатори парвозҳои муқаррарӣ иловатан ба 38 парвози дигар, ки вобаста ба қабул ва гусели меҳмонони ҷашнвора буд, хизмат расонида шуд.