-Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем», - изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар нишаст изҳори боварӣ карда шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд.
Ҳамзамон, доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт.Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад.
.