Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Шоҳ Исматуллоҳи Ҳабибӣ, директории генералии ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони Канада ва бо Ҷалоли Бадахшонӣ, раиси анҷумани форсизабонони Британияи Кабир мулоқот намуд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни ин нишаст ҷонибҳо атрофи имзои созишномаҳо ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷа, кушодани роҳ ба сӯи бозори меҳнати хориҷа, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои ҷавобгӯй ба бозори меҳнатро матраҳ намудаанд. Шоҳ Исматуллоҳи Ҳабибӣ ва Ҷалоли Бадахшонӣ дар ин нишаст омодагии худро ба форуми байналмилалии «Муҳоҷират-асри ХХ1», ки дар арафаи ҷашни истиқлолияти кишвар баргузор мегардад, иброз намуданд.
Манбаъ мегӯяд, ин ду ҷониб иброз доштанд, ки дар форуми мазкур форсизабонони фаъоли кишварҳои Канада ва Британияи Кабирро даъват менамоянд, то дар инвеститсияи Тоҷикистон ва ворид намудани техника ва технологияи навин саҳм дошта бошанд. Сардори Хадамоти муҳоҷират меҳмононро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, иброз доштааст, ки намояндагони Анҷумани форсизабонони ҷаҳон, аз ҷумла Британияи Кабир ва Канада ҳамкорони наздики Хадамоти муҳоҷират мебошанд.