Ин ҳамойиш рӯзи шанбеи 28-уми май бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» ба хотири ҷашни 70-солагии Лоиқ Шералӣ доир гардида, таҳти унвони «Устод ва шогирд» бо ширкати шоири тавоно Мӯъмин Қаноат сурат пазируфт. Толори хурди Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» лабрез аз мухлисони ашъори ду шоир буд. Ҳамзамон, дар ин маҳфил аҳли адабу фарҳанг ва ҳаводорони шеър, намояндагони мақомоти дипломатӣ ширкат доштанд. Мӯъмин Қаноат дар мавриди шеъру шоирӣ, доираи адабии солҳои 60-уми садаи 20 ва ҷавонони навқалами он замон сухан гуфта, иброз дошт, ки миёни эшон шеъри Лоиқ ва шахсияти ӯ тавофут дошт. «Беҳуда нест, ки Лоиқ Шералиро сарфи назар аз талаби китоби ҳатмии чопшуда, ба узвияти Иттифоқи Нависандагон пазируфтанд. Устод Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам" сахт мутаасир карда буд».
Зимнан, барои аввалин бор дар ин ҷаласа видео-конфронси мустақим сурат гирифта, шоир Сиёвуш аз Бишкек, Латифи Пидром аз Афғонистон, Фирдавсии Нуралиён аз Қоҳира ва Аҷами Калонзод аз Инглистон тариқи он-лайн бо ширкатдорони маҳфилу устод Қаноат сӯҳбат доштанд. Ҳамсари шодравон Лоиқ, Зебуннисо Қутбуддинова низ хотироти худро аз лаҳзаҳои мухталифи зиндагии ҳамҷояаашон нақл кард.