Пас аз анҷоми кори Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, фиристодаҳои вижаи ИА ба натиҷаҳои конфронси душанбегии РЕККА баҳои баланд доданд.
Тавре зикр гардид, конфронси 5-уми РЕККА бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ба поён расид. Аз ин хотир конфронси душанбегии РЕККА оғози марҳилаи гузариш аз сухан ба амал номида шуд.
Ҳамзамон, доир ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои сунъии рушди ҳамкорӣ дар ин минтақа табодули назар карда шуд. Ба гуфти Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел, Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи кунунӣ нақшаҳои кори дарозмуддати худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020 тарҳрезӣ дорад.