Тайи ду моҳу 26 рӯзи соли равон дар вилояти Суғд вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон назар ба соли гузашта ба маротиб боло рафтааст.
Дар ин бора намояндаи Хадамоти пешгирии ҷиноятҳо байни ноболиғони РКД-и вилояти Суғд Ахмедов зикр намуд. Ӯ гуфт, ки аз 24 нафар наврасон 31 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 22 нафар писар ва 2 нафар духтар буда, 14 адади ҷиноят аз ҷониби хонандагони МТУ ва 10 адад аз ҷониби нафароне, ки дар ягон ҷой кору таҳсил намекунанд, содир шудааст.
Ҳамзамон, ёвари прокурори вилоят Завқибек Гиёев изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои даст задани наврасону ҷавонон ба ҷиноят, ин аз таълиму тадрис берун мондани хонандагон ва аз кор рафтани омӯзгорон мебошад. Қайд шуд, ки дар бештари таълимгоҳҳои шаҳру навоҳии вилоят омӯзгорон тарки вазифа мекунанд: « Масалан, соли 2011 1680 нафар муаллим бо сабабҳои гуногун тарки вазифа кардааст».
Гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои тарки вазифа кардани омӯзгорон кам будани музди меҳнат мебошад. Соли сипаришуда 858 нафар маҳз бо ҳамин сабаб фаъолиятро дар мактабҳои давлатӣ қатъ намуданд.