Бино ба гуфти манбаъ, Акрам Ӯрунов, мудири ин шабака иброз доштааст, ки озмоиши пахши барномаҳои радиои “Пайванд” рӯи мавҷи 100,6 сурат мегирад ва барои кор дар ин шабакаи нав ҳудуди 20 нафар ҷалб хоҳанд шуд.
Маврид ба ёдоварист, радиои «Пайванд» аз 16 апрел ба пахши барномаҳояш, ки 18 соат дар шабонарӯз хоҳад буд, шурӯъ мекунад, дар айни ҳол дар Хуҷанд рӯи мавҷи FМ 5 радио барнома пахш мекунад.