Минбаъд низ ба ҳаллу фасли мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамоем.
Дар ин бора Вилям Лесли Слинг, сарвари кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират зимни як ҳамоиш, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирати дохилӣ дар робита ба хатарҳои офатҳои табиию техногенӣ ва касбомӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ кӯмак мерасонад. Тазаккур дода шуд, ки имкону захираҳои фаровони табиӣ, моддию техникӣ ва инсонӣ, ё худ нерӯи кории мардуми Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мавриди истифода қарор гирад.
Ҳамзамон, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, фаъолияти ин созмони байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо хадамоти муҳоҷират ба расонидани кӯмаки коршиносӣ дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират, таълими кормандони хадамот дар мавзӯи иттилоъ, машварат додан ба муҳоҷирони меҳнатӣ, пешниҳоди ёрии техникӣ ба шӯъбаҳои хадамот ва гузаронидани силсилачорабиниҳо дар соҳаи муҳоҷират ва ғайраҳо равона гардидааст.