Кумитаи оид ба ахлоқи Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) тафтишотро нисбати раҳбари ин ниҳод Ҷозеф Блаттер дар мавзӯи даст доштанаш дар фасоди молӣ шурӯъ кардааст.
Ин тафтишот аз рӯи даъвои муовини Ҷозеф Блаттер, ҳамзамон сарвари Федератсияи футболи қораи Осиё ва рақиби ӯ дар интихоботи навбатии Президенти ФИФА Муҳаммад Бин Ҳаммам сурат хоҳад гирифт. Нисбати худи Муҳаммад бин Ҳаммам низ бо ҷурми фасоди молӣ ҳафтаи гузашта Кумитаи оид ба ахлоқ тафтишотро шурӯъ карда буд. Кумитаи оид ба ахлоқи ФИФА гуфтааст, шурӯъи тафтишоти даъвои Муҳаммад бин Ҳаммам нисбати ракибаш дар интихоботи навбатӣ Ҷозеф Блаттер тибқи моддаи 16-и Кодекси ахлоқи ФИФА сурат гирифтааст, ки дар он омадааст: «Шахсони масъул вазифадоранд оиди тамоми ҳаракатҳо дар бораи шикасти қойидаҳои рафторе, ки тибқи ин муқаррарот пешбинӣ шудааст, хабар диҳанд. Шахсоне, ки нисбаташон чунин маъулмот расидааст, вазифадоранд бо талаби ниҳоди ваколатдор барои тафтиш дар хусуси даромадҳояшон ҳуҷҷат пешниҳод намоянд».
Баррасии ин қазия дар ҷаласаи навбатии ФИФА пагоҳ сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол рӯзномаи чопи Инглистон «Sunday Times» гуфтааст, далелҳоеро дар даст дорад, ки аз муҷримии 2 нафар узви Кумиҷроияи ФИФА дар фасод бозгӯӣ мекунад. Бино ба навиштаи «Sunday Times» ду нафар узви Кумиҷроияи ФИФА Исса Аяту ва Жак Анума овозҳои худро барои баргузории мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2022 дар Қатар бар ивази 1, 5 миллион доллар фурӯхтаанд.
Акнун «Sunday Times» бо тақозои ФИФА манбаи хабарии худро дар ин ниҳод маълум кардааст ва баррасии ин қазия аз сӯи масъулини ФИФА шурӯъ гардидааст. Дар сурати дайн шудани далели фурӯши овозҳо эҳтимоли қуръапартоии такрорӣ барои муайян намудани мизбони баргузории мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2022 ҷой дорад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти ФИФА ба 1 июни соли 2011 муқаррар шудааст, ки дар он довталабони асосӣ Ҷозеф Блаттер ва Муҳаммад бин Ҳаммам мебошанд.{jathumbnail off}