Вазири умури хориҷии Афғонистон Зулмай Расул зикр кард, ки дар ин конфронс 17 пружаи мушаххас мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки пружаи машҳури CASA-1000, сохтмони роҳҳои минтақаӣ ва хатти интиқоли барқ, хати лулаҳои газӣ аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд.
Ба ин суол, ки оё суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури исломии Эрон дар тасмимгириҳои ин нишаст таъсир дошт ё хайр, Зулмай Расул ва Ҳамроҳхон Зарифи изҳор доштанд, ки Эрон аз ҳама қарорҳои ин конфронс пуштибонӣ кард ва омодагии худро барои татбиқи ин тарҳҳо эълон намуд.
Ҳамроҳхон Зарифи изҳор дошт, ки «натиҷаи муҳими конфронси мазкур қабул шудани санади ниҳоии он - Эъломияи Душанбе-2012 мебошад». Ӯ илова намуд, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақа саҳмгузор хоҳад буд.