Шабакаи ПрессТВ чанд лаҳза пеш эълон кард, ки давлати Сурия ба тарҳи шашмарҳилаии Кофе Анан барои поён додани буҳрон дар ин кишвар мувофиқат намуд.
Кофе Анан ҳангоми сафари серӯзааш ба Русия бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Димитрий Медведев ва вазири хориҷаи он Сергей Лавров мулоқот ва тарҳи сулҳи шашмарҳилаии худро пешниҳод намуд, ки Русия онро пуштибонӣ кард.
Пеш аз ин талошҳои Амрико ва чанд кишвари дигари ғарбӣ барои фишор овардан ва таҳримҳо эълон кардан алайҳи давлати Сурия аз сӯи Русия ва Хитой ба мухолифат рӯ ба рӯ шуда буд. Маскаву Пекин таъкид доштанд, ки роҳҳои пешниҳоднамудаи ғарбу Амрико барои бартараф намудани буҳрони ҷорӣ дар Сурия ҷонибдорӣ аз як тараф аст ва лизо қобили қабул нест.