Бар асари сӯхтори манзили зисти як сокини ноҳияи Данғара 7.000 сомонӣ зарар дид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Раҷабов Ф, сокини кӯчаи Бинокорони ноҳияи Данғара сӯхтор ба амал омад.
Тибқи иттилои манбаъ, сӯхтор аз сарой, ки он ҷо ангишту ҳезум нигоҳ дошта сар зад. 60 метри мураббаъ болопӯши хона низ ба коми оташ рафт.