Манбаъ афзуд, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз ҷойи нишасти ронанда аз дохили як борхалта маводи нашъадори навъи «ҳашиш» вазнаш 2 килою 450 грамм, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Зимнан, аз анҷомхонаи манзили истиқоматии ӯ 10 килою 895 граммми дигар ҳашиш, ҷамъ 13 килою 345 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Феълан, нисбати қочоқчӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.