Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии «Алтағйир» бузургтарин бунёди корёбии Ховари Миёна мавсум ба «Баёт» ба дунболи таҳқиқоте, ки анҷом дода, эълон кард; дар Арабистони Саъудӣ беш аз як миллиону 124 ҳазор нафар бекор ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Алҳаёт» менависад, ки тайи ду рӯзи гузашта 160 ҳазор омӯзгори арабистонӣ нисбат ба шароити кории худ ва мушаххас набудани вазъияти ба кор қабул шуданашон дар Вазорати маорифи ин кишвар муқобили бинои Вазорати хадамоти маданӣ дар Риёз пикет баргузор карданд.
Ҳамчунин, беш аз 150 донишҷӯи духтари фориғуттаҳсил аз донишгоҳҳои ин кишвар дар баробари сохтмони Вазорати омӯзиши олии Арабистон дар шаҳри Янбаъ гирдиҳам омада ба набуди фурсатҳои корӣ барои онҳо дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва хусусӣ эътироз карданд.
Бар асоси омори расмӣ аз ҷамъияти 28 миллион нафарии Арабистони Саъудӣ, ки 8 миллиони онро хориҷиҳо ташкил медиҳанд, беш аз 12 дар сад бекор ҳастанд, ки аз ин ҷиҳат дорои болотарин мизони бекорӣ дар ҷаҳон мебошад.