Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия рӯзи байнулмилалии Наврӯзро таҷлил кард.
Тибқи иттилои ВКХ-и ҷумҳурӣ, сафорати ҶТ дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ва бо иштироки намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бонуфузи доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори умум, сафирон ва дипломатҳои сафоратҳои муқими ш. Брюссел, 21 марти соли 2012 дар кохи мавсум ба “Palais de Colonies” ин идро ҷашн гирифт.
Манбаъ афзуд, ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Белгия таҷлили иди байналмилалии Наврӯзро дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар ш. Брюссел дар толори миллии Сафорат рӯзи 24 март баргузор намуд.
Ҳамзамон, Сафорат дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии “Наврӯз” 25 марти соли равон дар Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифт.