Зимнан, мусобиқаи вилоятӣ оид ба аспдавонӣ дар шаш марҳила ба масофаи 1200 метр баргузор гардид. Дар марҳилаи аввал Бахтиёр Раҷабов аз шаҳри Истаравшан, марҳилаи дуввум Ҳоҷиқурбон Мирзоев аз ноҳияи Мастчоҳ, дар марҳилаи сеюм намояндаи ипподроми «Рухак»-и шаҳри Хуҷанд ҷойҳои аввалро соҳиб гардида, сазовори тӯҳфаҳо шуданд.
Соҳибони ҷойҳои якуму дуюм чобуксаворони аспҳо бо номи «Арагон» ва «Агрегат» аз ипподроми «Рухак»-и шаҳри Хуҷанд мутаносибан сазовори 5 ва 3 ҳазор сомонӣ ва савори асп бо номи «Отелло» аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 2 ҳазор сомонӣ мукофот гирифтанд.