Рустам Назаров, директори АНМН бо намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ, сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи первентивӣ Мирослав Енча мулоқот кард.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз агентии назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд, аснои ин нишаст, к ибо ташаббуси маркази минтақавии дипломатияи первентивӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, генерал Назаров ҷаноби Енчаро бо вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.
Ҳамзамон, Рустам Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа маълумот дод.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.