Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз густариши ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо ҳиссаи Бонки Исломии Рушд мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии он 264 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти ҶТ, таваҷҷӯҳи аслӣ ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоию гуманитарии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.Барои тавсиаи бештари ҳамкорӣ ифтитоҳи намояндагии Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти 38-уми солонаи Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 бояд дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.