Ёдрас менамоем, ширкати "Тоҷиктрансгаз" ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки аз ҳамтоёни ӯзбаки худ номае дарёфт кардаанд ва дар он гуфта шудааст, ки аз якуми апрел интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон қатъ мешавад. Ҳамчунин, дар ин нома омадааст, ки Ӯзбакистон аз имкони идомаи интиқоли газ ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад, зеро бояд тавофуқоти худ дар мавриди интиқоли газ ба Чин ва Русияро иҷро кунад. Дар аввали соли ҷорӣ низ масъулони "Тоҷиктрансгаз" изҳор дошта буданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани лӯлаи газ аз Осиёи Миёна ба Чин, содироти гази Ӯзбакистон ба ҳамсояи шарқияш афзоиш ёфта ва Тоҷикистон метавонад танҳо гази боқимондаро бихарад. Чунин вазъ боъис шуд, ки ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар, зимни сафари худ ба Тошканд дар барои харидории 45 миллион метри мукааб газ аз Ӯзбакистон дар семоҳаи аввал ба тавофуқ бирасанд.
Аммо суоли боз ин боқӣ мемонад, ки дар сурати пешпардохти маблағи газ оё Ӯзбакистон ҳозир аст ба Тоҷикистон ин навъи сӯзишвориро интиқол бидиҳад ва ё хайр?