Тибқи гузориши «ПрессТВ» полиси Ню-Йорк шумори зиёде аз аъзои ҷунбиши «Ишғоли Волстрит»-ро дар минтақаи Манҳетен боздошт намуд. Тазоҳуркунандагон талош доштанд то дубора вориди парки асосии ин шаҳр шаванд, ки нерўҳои амниятӣ ба онҳо ҳамла карданд.
Сухангўи полиси Ню-Йорк ҳам ин хабарро тасдиқ карда таъкид намуд: «Шумори каме дастгир шудаанд, вале адади ниҳоии боздоштшудагон ҳанўз мушаххас нашудааст».
Маврид ба ёдоварист, шаҳри Ню-Йорк хостгоҳи эътирозоти мардумӣ дар Амрико мавсум ба «Ишғоли Волстрит» аст ва полиси ин шаҳр барои саркўби эътирозоти 99 дар садиҳо шумори зиёде аз неруҳои вижа, худравҳои обпош ва ҳатто болгардҳояшро ба кор гирифтааст.
Аъзои ҷунбиши мазкур худро намояндаи мардуми Амрико медонанд ва бар ин назаранд, ки дар ин кишвар 1 дар сади аҳолӣ сарнавишти 99 дар сади боқимондаро таъин кардан мехоҳад ва онҳо бар зидди ин беадолатӣ қиём кардаанд.