Ширкати нефту гази Роял дач Шелл барои пардохтани як миллирад доллар қарзи худ ба Эрон бо мушкилот рў ба рў шудааст.
Тибқи гузориши хабаргузориҳои ғарбӣ таҳримҳои молии Амрико ва Аврупо бар зидди Эрон барои ширкати Шелл монеъа ва мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст ва ин ширкат наметавонад, қарзи худро ба Эрон бипардозад. Чаҳор манбаъи огоҳ дар бозори нефти ҷаҳонӣ эълом кардаанд, ки Роял дач Шелл беш аз як миллиард доллар ба ширкати миллии нефти Эрон бобати воридоти нефт қарздор аст. Ҳарчанд ҳанўз мақомоти ширкати Шелл дар баробари вазъияти пешомада расман ҳеч мавзеъгирӣ надоштанд, аммо як манбаъи огоҳ гуфтааст, ки масъулони ширкат бо мақомҳои амрикоӣ ва аврупоӣ барои пардохти қарзи худ ба Эрон дар ҳоли ройзанӣ ва музокира мебошанд.
Ширкати Роял дач Шелл рўзона 100 ҳазор бушка нефт аз Эрон ворид мекунад ва дуввумин ширкати воридкунандаи нефт аз Эрон маҳсуб мешавад. Дар ҳоли њозир ин шикрат наметавонад аз системаи бонкӣ ва молии байналмилалӣ барои пардохтани пули нефти воридотӣ аз Эрон истифода кунад.