Бархе аз мардум ва сиёсатмадорони Амрико раиси ҷумҳури ин кишвар Борак Обамаро омили аслии афзоиши қимати сўзишворӣ медонанд. Охирин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки 85 дар сади ҷавонони амрикоӣ бар ин боваранд, ки раиси ҷумҳур ва конгресси ин кишвар барои назорати қимати бензин бояд иқдоми фаврӣ ва асосӣ анҷом диҳанд. Моҳи гузашта низ дар назарсанҷии «Асошейтедпресс» 71 дар сади мардуми Амрико бар хеле боло будани қимати бензин таъкид доштанд. Бархе аз мардуми Амрико бар ин боваранд, ки таҳдиди Эрон дар бораи бастани Тангаи Ҳурмуз дар Халиҷи Форс, ки яке аз асоситарин роҳи таъмини сўзишворӣ барои Ғарб ва Амрикост, таъсири зиёде ба боло рафтани қимати сўзишворӣ дар Амрико доштааст.