Ҳаракати нақлиёт ба самти Бадахшон то шом барқарор мешавад
Дар километри 439-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ кӯҳпора ҳаракати нақлиётро масдуд кард.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, алъон равуои нақлиёт бар асари ин ҳодиса қатъ гардидааст.
Манбаъ афзуд, чанде қабл ба кормандони идораи истифодабарии роҳҳҳ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ муяссар гардида буд, ки ҷодаҳои автомобилгард миёни Хоруғ, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва Душанберо аз барфу санг ва тарма тоза намоянд: «Ҳамин тавр, пас аз таваққуфи шашрӯза ҳаракати нақлиёт ба маркази маъмурии Бадахшон барқарор шуда буд, вале офати табиӣ боз ба ин монеъ шуд».
Гуфта мешавад, феълан дар маҳалли ҳодиса корҳои тозакунӣ ва таркишӣ идома доранд ва то шоми имрӯз ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ барқарор хоҳад шуд.