Ӯзбакистон дар як шабонарӯз баробари масрафоти солонаи Тоҷикистон газ истихроҷ мекунад
Ӯзбакистон зимни ирсоли як номаи расмӣ унвонии ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки акнун тасмим дорад, аз 1-уми апрели соли равон интиқоли газашро ба Тоҷикистон пурра қатъ намояд.
Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҷониби Ӯзбакистон сабаби қатъи интиқоли газашро ба нокифоя будани захираҳои он дар кишвараш унвон намудааст. Вале ҶСК «Тоҷикистонгаз» хабар дод, ки феълан роҷеъ ба қатъи интиқоли гази Ӯзбакистон ҳеҷ иттилое надоранд ва дар ин дар ин бора чизе ҳам гуфта наметавонанд.
Зимнан, масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз намуданд, ки ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии газ дар Ӯзбакистон зиёда аз 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, ки чунин ҳаҷм баробар ба интиқоли газ ба Тоҷикистон дар давоми соли 2012 мебошад ва бинобар ин, ба иддаои ҳамсоякишвар, ки захираҳои газаш нокифоя аст, розӣ шудан душвор аст.
Манбаъ мегӯяд, воридоти газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз аввали соли равон 41 миллион метри мукаабро ташкил намудааст: «Танҳо моҳи феврали ҳамин сол Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба миқдори 30,3 миллион метри кубӣ гази табиӣ ворид намуд, ки корхонаҳои саноатӣ, маишӣ ва аҳолӣ ба он таъмин шудаанд».
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, агар ҷониби Ӯзбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон пурра қатъ намояд, корхонаҳои ватание, ки аз гази Ӯзбакистон истифода мебаранд, ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.