Кормандони АНМН дар якҷоягӣ бо масъулини РКД-и шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони якчанд маҳаллаҳои пойтахт вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз агентии назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд, ин дидору мулоқот дар доираи чорабиниҳои вижа оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сурат пазируфт.
Манбаъ афзуд, аснои мулоқот бо сокинон масъалаҳои вобаста ба ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва истеъмоли моддаҳои психоактивӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки барои пешгирии ҷиноят ва истеъмоли маводи мухаддир дар байни наврасон аз сӯи ҷомеъа бояд чораҳои саривақтӣ андешида шавад.