Дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) бо иштироки сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ба кори худ шурӯъ намуд.
Тибқи иттилоъи расида, ин ҳамойиш таҳти шиори «Ҳамкорӣ барои натиҷабардорӣ дар пешбурди ҳамгироӣ, субот ва рушди минтақавӣ» сурат мепазирад. Конфронс аз натиҷаҳо ва вазифаҳои дар ҳамоишҳои қаблӣ доир ба Афғонистон муайянгардида маншаъ гирифта, дар навбати худ дар таърихи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоиштаи ин кишвар саҳифаи навро оғоз хоҳад намуд.
-Тоҷикистон мисли ҳамешагӣ сидқан ҷонибдори боэътимоди сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, мӯътақидем, ки истиқрору субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад,- иброз дошт зимни суханронии худ дар ин конфронс президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин дар ҳамоиш таъкид шуд, ки тайи чанд соли охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд баргузор гардиданд. Дар онҳо пешниҳоду таклифҳои созанда фаровон садо дода, санадҳои муфид ҳам қабул шуда буданд. Вале мутаассифона, раванди татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда муҷиби қаноатмандӣ нест ва алҳол зарурати эҷоди механизми мукаммали татбиқсозии онҳо пеш омадааст.