Шахсе, ки дирӯз (25-03-2012) дар назди бинои мавсум ба Автовокзали шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт бо норинҷаки дастӣ мусаллаҳ буду онро ба кор даровард, дар пайгарди қонунӣ қарор дошт.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар таърихи рӯзи 03-03-2012 дар корхонаи «Обшорон»-и шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой ҷинояти роҳзанӣ содир карда шуд, ки дар натиҷа 7 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Оиди ин ҷиноят шаби 24 ба 25 марти соли 2012, 5 нафар ашхосе, ки аъзоёни гурӯҳи мутшаккили ҷиноятпеша буданд, дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, аз рўи нишондоди дастгиршудагон ин гурӯҳи муташаккилро ҷинояткори махсусан хавфноки дар кофтуков қарордошта, Одинаев Худойназар Шарипович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар содир кардани ҷиноятҳои роҳзанӣ, куштор, ва бандитизм даст дошт, роҳбарӣ мекард. Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткор Одинаев Худойназар дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе, назди бинои Автовокзал муайян карда шуд, ки ӯ бо худ ду адад норинҷак дорад :«Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои дастгиркунӣ амалӣ карда шуд, ва дар ин ҳолат ҷинояткор норинҷакро ба кор даровард. Вале кормандони милитсия тавонистанд, бо истифодаи силоҳи оташфишон ӯро
безарар гардонанд ва ин ҳангом норинҷаки ба кор даровардашуда ба таркиш омад, ки ҷинояткор Одинаев Х. Ш. аз ҷароҳати вазнини бардошта ба ҳалокат расид».
Гуфтанист, аз аз кормандони милитсия ва шаҳрвандон касе зарар надид.
Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи гузашта, дар соати 17-00 дар назди маркази савдои «Моҳи нав» воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Газел» таҳти идораи шаҳрванд Ҳомидов Киромиддин, соли таваллудаш 1966 сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз хориҷ шудани газ оташ гирифта, сӯхтор ба амал меояд. Ин сӯхтор саривақт аз ҷониби кормандони бахши сӯхторнишонии ҳамин ноҳия дарҳол хомӯш карда мешавад. Бар асари ин сӯхтор низ касе зарар надидааст.