Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд як ронандаи худрав ва як мусофири он ба ҳалокат расидаанд.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Мансур Раҳмонови 25 сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар километри 313-уми ҳудуди ҷамоати Д.Холматов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автамашинаи тамғаи «Урал-4420», ки дар канори роҳ меистод бархурдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Хундай-Портер» Мансур Раҳмонов ва мусофираш Алибой Ҳасанови 34 сола, сокини шаҳри Табошар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.