Зимни баргузории маросими муаррифии системаи мазкур, Рустам Холиқов директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қайд кард, ки системаи нав имкон медиҳад мусофири ба Федератсияи Русия сафаркунанда пешакӣ огоҳ шавад, ки иҷозати вуруд ба Федератсияи Русияро дорад ё не. Система бо шабакаи интернет васл буда, аз рўи барномаи махсус амал менамояд. Бо копи шудани шиноснома маълумоти зарурӣ фавран пешкаш карда мешавад,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Р.Холиқов барои осон намудани мушкили мусофирин дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия, дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон системаи фаврии муайян намудани иҷозати вуруд ба Федератсияи Русия даст дод. Зимнан Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев ба намояндагони Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия ва роҳбарияти Фурудгоҳи Душанбе миннатдории худро баён намуд.
Мовини директори техники ҶСП «Техносерв»-и Русия Константин Болтрукевич иброз дошт, ки Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аввалин кишварест, ки системаи мазкур дар он роҳандозӣ карда мешавад.