Манбаъ афзуд, Ҷамшед Розиқов дар нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҷалби 15 нафар корманди кироя ба маблағи дар як моҳ 6 ҳазор сомонӣ, ки ба ҳар як коргар 400 сомонӣ рост меояд, фаъолияти худро ба истеҳсол ва фурӯши таомҳо роҳандозӣ намудааст. Илова бар ин таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар объекти зикршуда 14 нафар раққоса бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғуланд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 14 нафар раққоса ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ-патент ба маблағи 3 458 сомонӣ таъмин карда шуданд.
Ҳамзамон, нисбати соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Розиқов, бинобар сабаби риоя накардани қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 310, яъне муомилотро бо пули нақд бе истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ ба роҳ мондан, бо дастрасии моддаи 615 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ дар шакли ҷарима тартиб дода шуда, маблағ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.