Дар маркази тафреҳ ва дилхушии мавсум ба «Азия-Гранд» як сокини пойтахтро латукӯб карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд Саидов Ҳ-и 24 сола, сокини гузаргоҳи 4-уми кӯчаи Нисор Муҳаммад ирсол гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи гузашта (19-уми марти соли равон, соати 04:00-дақиқа) дар маркази дилхушии «Азия-Гранд», воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода-21а, шахси номаълум бе ягон асос ӯро латукӯб намудаааст.
Бар асари ин, Саидов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази Миллии Тиббии Тоҷикистон бистарӣ гардидааст.
Феълан, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад.