Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ки Исроил то андозае заиф аст, ки наметавонад ҷанги воқеии якҳафтаиро таҳаммул намояд.
Дар ин бора расонаҳои хабарӣ бо такя ба суханони оқои Солеҳӣ иттилоъ додаанд. Алӣ Акбар Солеҳӣ дар як гуфтугӯи худ бо шабаки телевизионии «Two Danish» гуфтааст: «Мо тамоми навъи таҳдидро ҷиддӣ қабул менамоем, агарчӣ аз ҷониби як кишвари кӯчаку заифтарин ҳам бошад».Вазири давлати исломӣ бо ишора бар ин ки Эрон Исроилро ҷуз як минтақаи сохта, чизи дигаре намеҳисобад, афзудааст, ки агар Исроил воқеан дар бораи ҳамлаҳои низомии худ ба муассисаҳои атомии Эрон тасмим бигирад, пас дар ин сурат, Эрон бо тамоми қуввааш посух хоҳад гуфт.Ёдовар мешавам, ин суханон замоне аз ҷониби ҷаноби Солиҳӣ садо доданд, ки мақомоти Исроил тайи чанд моҳи ахир дар бораи ҳамлаҳои низомӣ алайҳи Эрон ҳушдор медиҳад.