Сафорати ИМА лавозимои заруриро, ки арзиши бештар аз 115 ҳазор долларро доранд, ба қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим кард.
Тибқи иттилоъ, ин муҳимот аз либоси махсуси ҳимоя, афзори гарм ва лавозимоти размороӣ иборатанд. Гуфта мешавад, аз ин таҷҳизот 40 нафар кормандони нерӯҳои махсуси мобилии қушӯнҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши мураббиёни амрикоӣ омӯзиш гирифтаанд, истифода хоҳанд бурд.Зимнан, дар маросими мазкур Кордори сафорати ИМА хонум Сэра Пенхюн иброз дошт, ки ҳукумати Амрико бо қушӯнҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад: «Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон ва ифротгароён ҳадафи муштарак дорем».