Журналистро латукӯб карданд
Хабарнигори рӯзномаи «Коммерсант» Элмон Солтахонов дар боғи Соколникии шаҳри Маскав мавриди латукӯби тоссарҳои миллатгарои (скинҳедҳо) рус қарор гирифтааст .
Тибқи иттилои расида, ҳудуди бештар аз 20 нафар неофашистони рус бо шиори «Бикуш!» ва «Русия танҳо барои русҳо», ки чеҳраҳои манфури худро бо ниқобҳо пӯшонида будаанд, бар журналист ҳуҷум карда, ӯро зери мушту лагад гирифтаанд. Бештари зарбаҳо бар сару пушт ва шиками ӯ расидаанд. Аммо аз куҷо сокини ҷумҳурии Чеченистон ва мусулмон будани ӯро миллатгароён дарёфтаанд, то ҳанӯз маълум нест. Шояд ин амали миллатгароён ба фаъолияти касбии Элмон Солтахонов рабт дошта бошад.Пулиси Маскав тафтишоти ҳодисаро шурӯъ кардааст.