Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони давлатҳои АвруОсиё ширкат кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар рӯзи гузашта дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар нишаст сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод – Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир – Арманистон, Молдова ва Украина иштирок доштанд.Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Аз ин хотир ин ҳамоиш ва мавзӯи асосии он дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, президенти Тоҷикистон зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода гуфт, ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад .Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд.Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки масъалаи дигаргунсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзишу баррасии васеъ қарор дода шавад. Муҳокимаи масоили вобаста ба оғози фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки 1 феврали соли равон таъсис ёфта буд, низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш буд.