Бино ба қавли манбаъ, тайи чор рӯзи ахир ҳаракат дар масири Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ ва Мурғоб-Хоруғ мушкил шуда, ду рӯз боз умуман роҳҳо баста шудаанд, шаҳри Хоруғ феълан дар муҳосираи табиӣ қарор гирифтааст: «Резиши барфи зиёд ва тармафароӣ боиси комилан аз байн рафтани 22 ва қисман тахриб шудани 12 манзили маскунӣ дар нуқоти мухталифи вилояти Бадахшон шудааст.
Тибқи иттилои ахир, ки аз идораи умури изтирории вилояти Бадахшон расид, ахиран тарма дар маҳалли фурудгоҳи шаҳри Хоруғ маркази фурӯши маводи сӯзишвории мавсум ба “Шарқ”-ро комилан аз байн бурдааст.
Гуфта мешавад, дар масири Дарвоз-Ванҷ ҳудуди 50 мусофирбар бо шумули 200 нафар мусофирон роҳбанд шуда, дар рустоҳои Кеврун ва Курговади Дарвоз ба сар мебаранд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар ин миён ба қайд нарасидааст.