-Мақсади роҳандозии ин марказ, муаррифӣ ва шиносоии муҳоҷирон бо фарҳанг ва қонуну қарорҳои амалкунандаи кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ буда, мутахассисони беҳтарин аз тамоми донишгоҳҳои кишвар ҷиҳати таълим додан ба маркази мазкур ҷалб шудаанд,-афзуд оқои Шоев.Ҳамзамон дар нишасти мазкур қайд гардид, ки моҳи оянда дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират бо даъвати донорҳо конфронс оид ба имиҷи муҳоҷирон баргузор хоҳад шуд. Сафиалло Девонаев дар робита ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин оид ба омӯзиши илму техника ва касбомӯзии муҳоҷирон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо истифода аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии мавҷуда таъкид намуд.