Дар толори варзишии мавсум ба “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди дастхобонӣ байни наврасон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар он дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Истаравшан, Табошар, Ҷ.Расулов, Қайроққум ва Чкалов ширкат варзиданд.Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимнан дар ин мусобиқа варзишгарони дастаи шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, тими Ашт ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани мақоми сеюми чемпионати мазкур сазовор гардиданд.Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 92 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят қувваозмоӣ карданд.