Шаш рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон. Аз 21 то 26-уми март
Ба муносибати таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шуд.
Тибқи иттилои муовини раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон (МН) Хадича Ҳакимова, дар асоси қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ аз 21-ум то 24-уми март таҷлил мешавад: «Аммо, тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳат тавъам оянд, пас рӯзҳои навбатии корӣ ҳамчун рӯзи истироҳат эълон мегардад».
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи охирини Наврӯз, ки 24-уми март аст, ба рӯзи шанбе рост меояд, ба ин далел он рӯзи 26-ум кӯчонида мешавад». Ҳамин тавр, дар мамлакат соли ҷорӣ рӯзҳои истироҳат аз 21 то 26 март ҳисобида мешавад. Чорабиниҳои аслии ҷашнӣ бахшида ба Наврӯз бошад, рӯзи якшанбеи 25-уми март доир мегарданд.