Иртиботи заминӣ (рафтуомади нақлиёт) аз Душанбе ба шимол ва шарқи кишвар қатъ гардидааст.
Дар ин бора Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон гуфт, ки инро сабаб барфрезии шадид ва масдуд шудани роҳ аст. Бино ба қавли манбаъ, дар километрҳои 49, 239, 439, 436, 507, 507, 512, 513 ва боз чанд нуқтаи дигари ҷодаи Душанбе-Хоруғ тарма фаромада, роҳро банд кардааст.Манбаъ афзуд, ситодҳои маҳаллии ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз имконоти дар ихтиёрашон буда, барои барои рафъи оқибати ин ҳаводис фаъолият доранд.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон хостааст, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар дар масири Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Суғд то ду рӯзи дигар худдорӣ кунанд.Аммо бо вуҷуди ин, то кунун дар ягон минтақаи Тоҷикистон ҳолати фавқуллода эълон нашудааст.Дар шаҳри Душанбе аз субҳи имрӯз то кунун 22 мавриди даъват барои кӯмак ва ҳолати изтирорӣ сурат гирифтааст. Ва дастаи наҷоти ин кумита то ба ҳол 22 ҳодисаи фавқуллодаро бартараф намудаанд.