Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» муҳокима гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии МН иттилоъ доданд, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродии маълумот оид ба шахсони дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда баррасӣ шуд.Гуфтанист, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини нафақаҳои суғуртавӣ мутобиқи натиҷаҳои меҳнати ҳар як шахси суғурташуда, таъмини пуррагӣ ва дурустии маълумот дар бораи музди меҳнат ва дигар даромадҳо, собиқаи суғуртавӣ, ки андози нафақаи суғуртавиро дар мавриди таъини он муайян мекунанд, таъини нафақаҳои суғуртавӣ дар асоси собиқаи суғуртавии шахсони суғурташуда ва саҳми суғуртаи пардохтнамудаи онҳо, ҳавасмандгардонии шахсони суғурташуда барои пардохти саҳми суғурта, фароҳам овардани шароит барои назорати пардохти саҳми суғурта аз ҷониби шахсони суғурташуда ва содда кардани тартиби таъини нафақаи шахсони суғурташуда ва тезонидани расмиёти он барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.Манбаъ афзуд, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» - ро муҳокима карданд.Таъкид шуд, ки мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи ин қонун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни мазкур ва такмил додани қонунгузорӣ дар самти пешниҳод ва баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон мебошад.