Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз намоишгоҳи шаҳри Кӯлоб, ки дар боғи фарҳангии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дидан мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси ҳукумати пойтахт чандин шаҳру навоҳии кишвар рӯзҳои фарҳангии худро дар шаҳри Душанбе доир намуда дастранҷ ва фарҳангу расму русуми хоси худро ба сокинони пойтахт ба маърази тамошо мегузоранд.
Намоишгоҳи шаҳри Кӯлоб бо омодогии хосе аз дигар шаҳру навоҳӣ тафовут дошта, ба ҷузъ намоиши молу маҳсулот аксу овезаҳои зиёде аз қаҳрамонону собиқадорони ин минтақа, нақшаи генералии шаҳри Кӯлоб, иншоотҳои бунёдгаштаи стратегӣ ва нақшаи шаҳрчаи барои офатзадаҳои Чармгарони Кӯлоб бунёдгардида низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.