Корея ба ВКХ-и Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ тақдим кард
Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе таҷҳизоти муосири техникиро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ВКХ-и кишвар, ин таҷҳизот дар асоси гуфтушунидҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории техникӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ супорида шуд.Дар маросими расмии таҳвили санадҳои таҷҳизоти техникии мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Ён Ҷjн-ку иштирок карданд.