Зимнан, мавлавӣ Абдулҳай (аз уламои фақеҳи ҳизб) намунае аз ашъори ноби Мирзо Бедилро барои ҳозирин пешкаш намуда, дар бораи нақш ва мақоми аҳли дин дар ҷамъият, муносибати эшон ба моли дунё иброз дошт. Номбурда бо ишора ба нақши ду чеҳраи маъруф дар олами сиёсат ва исломи кишвар дахл карда гуфт, инсон бояд ҳам дунё ва ҳам охирати худро бо аъмоли нек оро бидиҳад. Мавлавӣ Абдулҳай суханронии худро бо ғазали эҷодкардааш дар ҳаққи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба поён расонид.
Ҳамзамон, Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик хотира ва андешаи худро дар бораи Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода баён намуда, таъкид кард, ки мақому нақши онҳо, махсусан дар бунёди сулҳ дар марҳалаи аввали истиқлолият шоиста ва нотакрор буд: «Нахустин хизмати Саид Абдуллоҳи Нурӣ он буд, ки ӯ тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо ҷамъ овард. Дар лаҳзаҳое, ки зархаридҳои хориҷӣ мехостанд бо ҳар роҳе бо яке аз ҷонибҳо ҳамроҳ шуда Тоҷикистонро ба саҳнаи ҷанги давомдор табдил диҳанд, маҳз Нурӣ ба унвони раҳбари мухолифини тоҷик тавонист аз он ҷилавгирӣ кунад».
Рӯҳонии саршинос, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иброз дошт, ки шахсиятҳои бузург дар зиндагиаш қадр намешавад, аммо мо имрӯз дарк мекунем, ки то кадом андоза талошу аз худ гузаштанҳои ин чеҳраҳо дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва оштӣ арзишманд будааст.
Маврид ба ёдоварист, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 1970 сарварии онро ба зимма дошт, аснои муқовимати нерӯҳои мухолифин бо ҳукумат дар солҳои 1992-1997 низ дар раъси ин иттиҳод қарор гирифта буд. Устод Нурӣ пас аз имзои созишномаи Мусолиҳаи миллӣ дар соли 1997 то соли 1999 роҳбарии Комиссияи Оштии Миллиро ба ӯҳда дошт. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 9-уми августи соли 2006 дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.