«Рейтерс», бо такя ба хабари намояндаи мақомоти Амрико гуфтааст, дар курсии айбдори сержанти калон Роберт Бейлс нишастааст. Бино ба қавли Ҷон Генри Браун, адвокати Бейлс, нафари таҳти ҳимояи ӯро ба иёлати Канзас интиқол додаанд.
NBC News менависад, ки гумонбаршуда 38 сол дошта, зан ва ду фарзанд дорад. Ӯ моҳи декабри соли 2011 барои идомаи хизмати низомӣ ба Афғонистон омадааст.Бояд тазаккур дод, ки Роберт Бейлс дар ҳамла ба мардуми маҳаллӣ дар шаби 11 марти соли 2012 муттаҳам мешавад. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ҳамон шаб ӯ ба рустое дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Амрико мустаққар дар музофоти Қандаҳор ворид шуда, бо силоҳи оташфишон ҷониби мардум тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, 16 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медоданд. Айбдоршавандаро 14 март дастгир ва ба Қувайт интиқол доданд.Аз исми гумонбар дар куштори мардуми осоиштаи афғон дар ҳоле хабар дода мешавад, ки қаблан бархе расонаҳои маъруфи ҷаҳон навишта буданд, ки ҳамла ба сокинони бумӣ кори дасти як нафар набуда, балки гурӯҳӣ анҷом шудааст. Кумитаи таҳқиқи Афғонистон, ки аз сӯи парлумони давлати исломӣ барои баррасии ҳодиса таъсис ёфт, эълон кард, ки дар куштор зиёда аз 20 сарбози амрикоӣ даст доштаанд.Ба иттилои
Гордон Дафф, сармуҳаррири расонаи «Today veterinary» сарбозони амрикоӣ тавассути нақлиёти низомӣ ба русто омаданд.«The New York Times» бошад, менависад, ки рустоёни афғон гуфтаанд, ки сарбозон 11 ҷасадро, ки миёни онҳо 4 духтараки ноболиғ низ буд, рӯйиҳам андохта оташ заданд.Дар ҳамин ҳол, ба иддаои бархе коршиносон ҳамла ба сокинони осоишта нақшаи тарҳрезишудаест, ки ба манзури ба сӯи дигар равон кардани афкори мусулмонони ин кишвар амалӣ шудааст.Ёдрас менамоем, пас аз ҳодисаи қуръонсӯзии сарбозони амрикоӣ дар санаи 22-юми феврали соли равон дар Афғонистон тазоҳуроти густурдае алайҳи низомиёни НАТО шурӯъ гардид. Бар асари он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҷбур шуд, дари сафоратхонаашро дар ин давлати исломӣ бандад.